Қоҳир Расулзода бо Президенти Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен мулоқот намуд
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Таъкид гардид, ки соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар заминаи тадбирандешиҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи варзишгаронии касбии тоҷик, гузаронидани чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шуд.
Баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар Душанбе бо ҷалби беш аз 400 варзишгар аз 27 давлати минтақаи Осиё собитгари ҳамчун кишвари амн ва дорои шароити зарурӣ будани Тоҷикистон арзёбӣ шуда, баргузории чорабинӣ дар самти тарғибу ташвиқ ва рушди варзиши велосипедронӣ дар ҷумҳурӣ заруру саривақтӣ дониста шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот аз имзои санаду созишномаҳое, ки барои рушди варзиши велосипедронӣ заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам сохтаанд, ҳавасмандӣ зоҳир намуда, боз ҳам тақвият бахшидани робитаро зарур шумориданд.