ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрест дар оғӯши доманакуҳҳои сабзу хуррам ва паҳнои водии рӯдхонаҳои хурӯшон, дар муҳити барои зиндагӣ хеле созгору писандида, ки ба василаи роҳҳои мошингард, оҳан ва ҳавоӣ тамоми гӯшаву канори мамлакатро ба ҳам мепайвандад.
Душанбе дар водии зархези Ҳисор, баландии 930 метр аз сатҳи баҳр, масоҳати беш аз 203 километри мураббаъ ҷойгир мебошад.
Шаҳр аз чор ноҳияи маъмурӣ: Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур иборат аст.
Дарвозаҳои бошукӯҳ дар чаҳор самти пойтахт нишони суннатҳои шаҳрсозӣ ва низоми устувори шаҳрдорӣ, сифатҳои наҷиби инсондӯстӣ, бародарӣ ва меҳмоннавозии сокинони шаҳрро таҷассум менамоянд.
Пойтахти Тоҷикистон — ҳамчун маркази бузурги маънавиёт, илму маърифат ва хизматрасонӣ дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматии баландошёнаи бо санъати баланди меъморӣ бунёдгардида, макони ободониву сабзкорӣ, тозагиву зебоӣ ва одоби баланди муошират мебошад.
Бо шарофати неъмати саодатбахш – Истиқлолияти давлатӣ, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъйю кӯшишҳои бемисли Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани маҳбуби мо – шаҳри Душнабе беш аз пеш рушду тараққӣ намуда, таҷассумгари ободиву сарсабзӣ, рамзи сарфарозӣ ва дилбастагии мардуми Тоҷикистон ба ҳаёти зебо гардидааст.
Имрӯзҳо Душанбеи ҳамешасабзу ҳамешабаҳор намои таъриху тамаддуни воқеии тоҷиконро дар симои Тоҷикистони муосири соҳибистиқлол ифода менамояд.
Дар ҳамин асно дар пойтахти кишвар раванди навсозиҳо бо тарҳи муосир тараққӣ менамояд, ки симои шаҳрро дилнишин ва рушди онро ба шаҳрҳои бузурги олам ҳамоҳанг сохтааст.
Қомат афрохтани биноҳои маъмурӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, ба фаъолият пардохтани корхонаву ширкатҳои гуногун, бунёду тармими маконҳои фарҳангиву фароғатӣ, ба истифода додани тамрингоҳҳою майдончаҳои варзишӣ ва азнавсозии роҳу пулҳо, ки дар солҳои охир вусъат ёфтаанд, шаҳри Душанберо ба пойтахти муосиру обод табдил додааст.
Дар пойтахт танҳо дар доираи ҷашни бузурги миллӣ – 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 4300 иншооти таъиноташ гуногун сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, бунёди 16 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 19 бинои маъмурӣ, 225 иншооти баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзиш, 9 гулгашт, таъмири 2 321 бинои истиқомативу маъмурӣ, 116 хобгоҳ ва таъсиси беш аз 15 ҳазор ҷойҳои нави корӣ анҷом дода шуд.
Азнавсозӣ кардан ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори пойтахт, махсусан, таҷдиду азнавсозии роҳҳо заминаи муҳими рушди минбаъдаи ҳар шаҳр маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ, дар зарфи 7 соли охир дар пойтахт 159,5 километр роҳҳо азнавсозӣ карда шудаанд, ки 17,8 километри он ба соли сипаришуда рост меояд.
Дар ин давра бо мақсади мутобиқ намудани иншооти соҳа ба меъёрҳои байналмилалӣ 4 пули автомобилгарду қаторагард, ду роҳи сесатҳа, ду роҳи дусатҳа ва 127 истгоҳи наву замонавӣ таъмир, таҷдид ва азнвасозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.
Яке аз дастоварди шаҳр дар ин давра ин ворид намудани автобусу тролейбусҳои муосири ҷамъиятӣ ба пойтахти мамлакат аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон ва ҷорӣ намудани пардохти ғайринақдӣ аз истифодаи он мебошад.
Дар ин ҷода маврид ба зикр аст, ки соли 2018 дар пойтахти мамлакат коргоҳи муштараки Тоҷикистону Туркия — «Акиа Авесто Автоматив Индастри» оид ба истеҳсоли автобусҳои «Акиа» ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳоло дар пойтахт нақлиёти барқии (электромобил) ҷамъиятӣ низ ворид карда шуданд.
Душанбеи имрӯза шаҳри рушдкунандаи индустриалӣ буда, дорои 757 корхонаи саноатӣ мебошад. Пойтахти мамлакат, воқеан дар татбиқи ҳадафи стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат пешоҳанг буда, пайваста дар ин самт аз ҷониби шаҳрдорӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Танҳо дар ҳафт соли охир бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кору пайкори созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 90 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 10 ҳазор ҷойҳои нави корӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, 15 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, чарму пойафзол ва либосҳои дӯзандагӣ, 15 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, 5 корхонаи коркарди сангҳои ватанӣ, 4 корхонаи халтаҳои полипропиленӣ, 5 корхонаи мебелбарорӣ, 5 корхонаи таҷҳизоти барқӣ, 12 корхонаи маҳсулоти қаннодӣ, 6 корхонаи маҳсулоти ширӣ, 2 корхонаи маҳсулоти гӯштӣ, 4 корхонаи нушокиҳои ташнашикан, 3 корхонаи равғанбарорӣ ва як қатор корхонаҳои дигар мебошанд, ки бо таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Инчунин, бо мақсади ба шаҳри пешрафтаву саноатӣ табдил додани пойтахт ва дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ дар шаҳр соли 2019 муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуд, ки дар чор соли фаъолияташ беш аз 220 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои хоҷагидорӣ дода шуда, дар ин замина 54 корхонаи истеҳсолӣ бо таъсиси 3200 ҷойи нави корӣ бунёд гардид.
Бунёди иншооту кохҳои хуштарҳу муҳташам, боғу гулгаштҳои зебо, меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ, ки бо ҳунари волои миллии меъморӣ бунёд ёфтаанд, имконоти хизматрасониҳои Душанбешаҳрро ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонида, боиси муаррифии пойтахти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон гардидааст.
Воқеан, Душанбе дар солҳои истиқлолият ба маънои том дигаргун шуда, дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодааст.
Дар ин солҳо дар пойтахт биноҳои аз ҷиҳати меъморӣ диққатҷалбкунанда бо унсурҳои миллӣ ба монанди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, қасрҳо – «Кохи Сомон», «Кохи Наврӯз», «Душанбе – Плаза», «Қасри Бахт» ва як қатор иншооти дигар сохта шуданд, ки ифтихори ҳар як сокини хурду бузурги пойтахт ва боиси муаррифии он дар арсаи ҷаҳон гардидааст.
«Кохи Наврӯз» аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000 солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунад.
Душанбе боргоҳи неруҳои бузурги зеҳнӣ буда, рамзи давлатдорӣ ва ҷаҳони маънавии он дар маҷмааи меъмории Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, пайкараҳои бошукӯҳи алломаҳои оламшумули илму адаб — Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуали ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ифода гаштаанд.
Яке аз баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ қомат афрохта, дар китоби рекордҳои Гиннесс сабт гардидааст.
Меъмории исломиро масчид ва мадрасаи Ҳоҷӣ Яъқуб метавонад муаррифӣ намояд.
Дар Душанбе масҷиде бунёд шуд, ки яке аз иншооти боҳашамати меъмории Тоҷикистон ва бузургтарин иншооти соҳа дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон, дар пойтахти мамлакат соли 2022 Маҷмааи «Майдони Истиқлол» — хонаи умеди тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон бо рамзи бошукуҳи Истиқлол – нишони истиқлолу озодӣ, хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик қомат афрохт. Маҷмааи «Майдони Истиқлол», ки бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд гардида, дар он осорхонаи шаҳр бо нигораву ашёи нодири таърихӣ ҷойгир шудааст, имрӯзҳо ба макони сайру саёҳати садҳо сокинону меҳмонони хориҷи кишвар табдил ёфтааст.
Нигора ва экспонатҳои осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии пойтахт, аз ҷумла Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостоншиносӣ, Осорхонаи мардумшиносӣ, Хона-осорхонаҳои нобиғаҳои илму адаб ва фарҳанги оламшумули тоҷик аз таърихи пурғановат, маданияти қадима ва диёри зебоманзару афсонавии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.
Толорҳои фарҳангиву консертии Душанбе таҷассумкунандаи тамаддуни оламгири тоҷикон мебошанд.
Театрҳои давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, драмаи русии ба номи В.Маяковский, ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, театрҳои тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, намунавӣ-миниётурии «Оина», «Лӯхтак», кинотеатрҳои «Ватан», «Зебуннисо», «Тоҷикистон», «Наврӯз», толорҳои консертии «Кохи Борбад», «Кохи Ваҳдат», «Кохи Суруш», Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Сирки давлатӣ ва Амфиатеатри «Аҳорун» на танҳо бо намоишномаҳои олмшумули сатҳи ҷаҳонӣ, балки аз лиҳози санъати меъмории офариниш низ таваҷҷуҳи ҳар шахси тозаворидро ба худ ҷалб мекунанд.
Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси сарбаландии шаҳрвандони кишвар мебошад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки самараи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, аз бузургтарин махзанҳои илму маърифат дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.
Ба симои Душанбешаҳр беш аз 60 гулгашту боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар масоҳати 1080 га зебогии бештарро зам намудаанд. Танҳо давоми солҳои 2017 – 2019 дар шаҳри Душанбе 17 боғи нави фарҳангию фароғатӣ бунёд гардида, инчунин хиёбонҳои шаҳр бо унсурҳои миллӣ ороиш дода, чароғон карда шуданд ва ҳоло барои сокинону меҳмонони пойтахт шароити хуби фароғат муҳайё карда шудааст.
Дар партави муроҷиатномаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сокинони шаҳр ба «шаҳри сабз» ва «шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат воқеан Душанбеи имрӯза сарсабзу гулпӯш гардида, бар ин васила беҳдошти ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии аҳолӣ таъмин шудааст.
Душанбе шаҳри ҷавону ҷавонон маҳсуб меёбад. Айни замон дар пойтахт 24 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 201 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии беш аз 400 ҳазор нафар хонандаву донишҷӯ ва 163 муассисаи томактабӣ амал мекунад.
Бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти созандаву бунёдкоронаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ танҳо давоми солҳои 2017 – 2023 дар пойтахт 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 61627 ҷойи нишаст дар ду баст ва 45 муассисаи томактабӣ бо тарҳи замонавӣ барои 5434 тарбиятгиранда мавриди истифода қарор дода шудааст.
Ҷиҳати солимгардонии ҷомеа ва пешгириву табобати шаҳрвандон наздики 900 иншооти варзишӣ, 310 муассисаи табобатию профилактикии сатҳи гуногун ба аҳолӣ хизмат мерасонад.
Давоми ин давра шаҳри Душанбе ҷиҳати рушди робитаҳои байнидавлатӣ ва беҳбуди симои ҷолиби Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад ва бо шаҳрҳои гуногуни кишварҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуда, муносибатҳоро бо онҳо рушд мебахшад.
Душанберо робитаҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳрҳои Санъои Яман, Лусакаи Замбия, Монастири Тунис, Лоҳур ва Исломободи Покистон, Клагенфурти Австрия, Боулдери ИМА, Ройтлингени Олмон, Мазори Шарифи Афғонистон, Теҳрон ва Шерози Эрон, Санкт – Петербурги Россия, Мински Беларус, Урумчи, Сямэн, Чиндао ва Ҳайнани Хитой, Анқараи Туркия, Ашқободи Туркманистон, Бокуи Озарбойҷон, Остонаи Қазоқистон ва Давҳаи Қатар мепайвандад, ки дар низоми муносибатҳои банидавлатӣ дастоварди муҳим мебошад.
Дар ин замина бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия, Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Чэнду, Пекин ва Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт ҳамкориҳои бисёрҷонибаро амалӣ менамояд.
Шаҳри Душанбе барои мизбонии ҳамоишҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ нақши назаррас мегузорад.
Вазъи муътадили сиёсӣ, дастовардҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ имкон дод, ки дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои бузурги бонуфузи аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Саммити «Муколамаи ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё», дуюмин конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018 -2028», форумҳои байналмилалии ««Наврӯзи Душанбе – мероси фарҳангию сайёҳӣ, «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон», инчунин рӯзҳои фарҳангии Санкт –Петербург дар шаҳри Душанбе ва дигар форуму фестивалҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ доир гарданд.
Ҳоло Душанбешаҳр аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ) мебошад.
Соли 2018 шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) шомил гардида, тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Россия ба «Даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ» ва ба «Даҳгонаи беҳтарин шаҳри сайёҳат ва сафари шабона» арзёбӣ гардидааст.
Шаҳри Душанбе аз 28 сентябри соли 2018 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — 2021» ва бо қарори Шӯрои вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ аз 3 октябри соли 2019 «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-2021» эълон гардида, дар ин замина соли 2021 беш аз 300 чорабинии мухталифи сатҳи милливу байналмилалии фарҳангӣ – фароғатӣ, илмӣ – оммавӣ, аз қабили конференсияву симпозиумҳо, форуму ҳамоишҳо, семинар – тренингу мизҳои мудаввар, барномаҳои консертиву мусобиқаҳои варзишӣ. фестивалу намоишгоҳҳо бо иштироки меҳмонон аз хориҷи кишвар баргузор шуда, як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, инфросохтори сайёҳӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва ёдгориҳои таърихӣ дар пойтахт сохта ва таъмир гардиданд.
Шаҳри Душанбе бо доштани имконияти тавсеаёбандаи инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мавқеи намоёнро соҳиб гардидааст. Ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 44 меҳмонхона ва 101 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 29 маркази дилхушӣ, 26 бозор ва 98 маркази савдо, 30 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 60 боғу гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 203 кошонаи ҳусн ва 228 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 11 осорхона, 17 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 122 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 38 мавзеи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, коххои «Наврӯз» «Борбад», «Ваҳдат», «Сурӯш», 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рӯйи талаботи онҳо хизматрасонӣ менамоянд.
Дар пойтахт баҳри равнақ бахшидани бахши хизматрасонӣ ва муосиру содда гардонидани он, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, системаи камераҳои мушоҳидавии «Шаҳри бехатар», автобусҳои муосири дорои системаи «Wi-Fi» бо низоми корти пластикӣ ва бо тарҳи муосири хизматрасонии шабонарӯзӣ фаъолият доштани таксиҳо, ороиши бадеии кӯчаву хиёбонҳо бо истифода аз дастгоҳу чароғакҳои ороишиву иллюминатсионӣ, барандаҳои рекламавӣ ва ҷорӣ гардидани хизматрасониҳои электронӣ тариқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ амалӣ гардида истодааст.
Соли 2019 дар пойтахти мамлакат корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart City) бо мақсади пешниҳоди хизматрасонии технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди инфрасохтори системаи идоракунии шаҳр таъсис дода шуд.
Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани «Майдони Истиқлол» ба муносибати 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ 8 сентябри соли 2022 барҳақ баён доштанд: «Вақтҳои охир бо ташаббус ва иқдомоти созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, заҳмати ватандӯстонаи мутахассисону соҳибкорони бонангу номуси кишвар ва сохтмончиёни тоҷик дар пойтахти мамлакат бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳои муосир, майдонҳои варзиш, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва марказҳои хизматрасонӣ вусъати бесобиқа гирифта истодааст».
Бемуболиға солҳои охирро барои пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе – қалби Тоҷикистон метавон солҳои дастоварду музаффариятҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ кард.
Раиси ҷавони шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо такя ба орзуву ормонҳои мардум бо таҳлил ва корбандии таҷрибаҳои ҷаҳонӣ низоми густурдаи рушди пойтахтро бо фароҳам овардани замина ва муҳити мусоид устувор намуда, дар масири шаҳрсозиву шаҳрдорӣ фаъолияти содиқона менамоянд, ки он самараи мактаби бузурги камолоту бунёдгузоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Инак, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид.
Имрӯз, вақте саҳифаҳои таърихро варақгардон менамоем бемуҳобот метавон гуфт, ки халқи тоҷик зери роҳбарии Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии орому осоишта дошта, кишвари тозаистиқлоли мо аз ҳар самте, ки назар афканем, ба пешрафтҳои азим ноил гардида истодааст.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат раванди навсозиҳо бо тарҳи муосир рушд карда, дигаргунсозиҳои бузург дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба вуқуъ пайвастаанд.
Аз ин рӯ, рисолати мо — ҳар фарди бонангу номус, бедордилу ватандӯсти кишвар ин шукргузориву сарфарозӣ, ифтихору сарбаландӣ, арҷгузории воқеӣ ба арзишҳои миллӣ, дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, худшиносиву худафрӯзӣ ва ҳувияти миллӣ баҳри ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ, иқтидори иқтисодии давлат, боз ҳам ободу зебо намудани ҳар гӯшаву канори кишвар ва шуҳратёр намудани Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Пас, месазад, ки мо, мардуми сарбаланду ватандӯсти шаҳри Душанбе бо масъулияти баланди шаҳрнишинӣ анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасро бо ифтихору сарфарозии баланд идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти он саҳми босазои хешро дареғ надорем ва ба дастовардҳои боз ҳам бештар аз пештари иҷтимоиву иқтисодӣ ва маданиву маишӣ ба ҳусни ин зебошаҳри ҷаҳон ҷилову шаҳомати тоза зам намоем.
Дар фарҷом аз забони шоир оварданиам:
Шаҳри меҳрам, шаҳри бахтам, шаҳри армонам, Душанбе,
Бо ту будам, бо ту ҳастам, бо ту мемонам Душанбе.
Кӯчаҳоят гулфишон шуд, бахти ту аз нав ҷавон шуд,
Чеҳраи хушбахтии ман, рӯйи хандонам, Душанбе.
Мавсума МУИНӢ,
муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих