САФИРИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ МУЛОҚОТ НАМУД
Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ ал-Ғоним Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо тақвият ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла ҳамкории байнипарлумониро баррасӣ намуда, перомуни вазъияти минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.
Сафир номаҳои табрикии Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро ба Марзуқ Али ал-Ғоним ба муносибати аз нав интихоб гардидани ӯ ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт супорид.