Натиҷаҳои рӯзи чоруми Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ

28 март дар доираи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки 25 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, мо шоҳиди се сабқат миёни ҷавонон гардидем, иттилоъ медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар ин рӯз бонувони ҷавон дар масофаи 61км, бонувони то 23-сола дар масофаи 111км ва ҷавонписарон дар  масофаи 130км сабқат карданд. Миёни бонувони ҷавон ва ҷавонписарон варзишгарони Узбекистон София Каримова ва Самандар Султонов ғалаба карданд. Миёни ҷавонони то 23-сола намояндаи Қазоқистон Глеб Бруссенский пирӯз шуд.

Дар рӯзи чорум миёни бонувон ду варзишгари тоҷик Гулшан Қурбонова, Гулширин Ҷумақулиева, миёни ҷавонписарон Наҷибулло Рустамов, Ҷамолиддини Ҷумахон, Фирдавсҷон Қодиров, Абдусамад Одилов ва миёни ҷавонписарони то 23-сола Манучеҳр Юнусов, Манучеҳр Абдуллоев, Хуршед Маҳмадалиев, Муҳаммадҷон Азизов иштирок карданд. Натиҷаи беҳтарро Наҷибулло нишон дод. Ӯ масофаи 111 километрро бо натиҷаи 3:21:06 тай намуда, миёни 32 нафари иштирокчӣ ҷои 10-умро ишғол кард. Манучеҳр бо натиҷаи 3:21:06 миёни 32 нафар 16-ум шуда, ба марра расид.

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ

Натиҷаҳои рӯзи чорум

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, ҷавондухтарон, 61км
1. София Каримова (Узбекистон), 1:36:45
2. Алина Спирина (Қазоқистон), 1:36:45
3. Даря Казакбай (Қазоқистон), 1:40:39

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, ҷавонписарон, 111км
1. Самандар Султонов (Узбекистон), 2:47:13
2. Максим Тараскин (Қазоқистон), 2:47:13
3. Иля Карабутов (Қазоқистон), 2:56:50

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, ҷавонписарони то 23-сола, 130км
1. Глеб Бруссенский (Қазоқистон), 3:10:42
2. Даниил Пренский (Қазоқистон), 3:10:42
3. Николас Винокуров (Қазоқистон), 3:10:42

Мусобиқаҳои оянда:

29 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175км)

30 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111км)

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE