“Dushanbe summer Fest — 2021” баргузор шуд
Рӯзҳои 25 – 26 – уми сентябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо иштироки се ситораи эстрадаи Шарқ — Юлдуз Усмонова, Арон Афшор, Ҳамид Ҳирод ва сарояндаҳои машҳури Тоҷикистон «Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ба ин муносибат овозхони маъруфи эронитабор шоми дирӯз ба пойтахти кившар ворид гардиданд.
Арон Афшор, овозхони машҳур ҷиҳати иштирок дар Фестивали тобистонаи Душанбе ба пойтахти кишвар ташриф овард. Ин нахустин сафари Арон ба шаҳри Душанбе ва Тоҷикистон аст.
Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, инчунин дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2021» баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин фестивали тобистона дар пойтахт 18-19 августи соли 2018 баргузор шуда буд. Дуюмини он моҳи августи соли 2019 доир гардид.