Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнии «Симои Зан-Модар дар офаридаҳои рассомон» ифтитоҳ ёфт
Ба ифтихори Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Симои Зан-Модар дар офаридаҳои рассомон» намоиши ҷашнии асарҳои рассомон оғоз гардид, иттилоъ доданд аз Осорхонаи миллӣ.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон ва ҳайати роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода тамоми иштирокдорон ва модаронро ба ифтихори Рӯзи Модар табрик намуда, доир ба мақому манзалати Зан-Модари тоҷик сухан гуфт.
Дар намоиши ҷашнӣ аз ганҷинаи тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 40 гулчини асарҳои рассомон, аз қабили Ю.М. Казмичёв, «Симои Розия Озод» (соли 1945), И.А.Абдураҳмонов «Пиллакорон» (соли 1955), А.Қ.Ҳайдаров «Симои Г. Сафаралиева» (соли 1985), А. Раҳимов «Кашидадӯз» (соли 1956), С.Шералиев «Дар лаби чашма» (соли 1982), М.Н.Шипулин «Симои Хайрӣ Назарова» (соли 1971), И.Л. Лисиков «Симои Малика Собирова» (соли 1967), В.И. Жаданов «Симои Зулфия Раҳматуллоева» (соли 1979), А.П. Белетский «Духтар аз шаҳр» ( соли 1972) ва дигар асарҳо ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар офаридаҳои мусаввирон, ки дар солҳои гуногун асарҳо эҷод намудаанд, мавзуъҳои ҳунармандӣ, дӯстиву рафоқат, даврони ҷавонӣ-донишҷӯӣ, варзиш, илмомӯзӣ ва дигар касбу кори Зан-Модари тоҷик инъикос гардидаанд.
Ҳамзамон ба намоиш якчанд асари қаламкашии рассомони тоҷик пешниҳод гардидаанд, ки симои занони сиёсатмадори мамлакатро дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум менамоянд.
Намоиши «Симои Зан Модар дар офаридаҳои рассомон» то 20 март идома меёбад.