Душанбе: Озмуни «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» ҷараён дорад

Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт даври ноҳиявии озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ҷараён дорад. Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ мегардад.

Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, озмуни мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба забондон гардидани насли наврасу ҷавон роҳандозӣ гардида, бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагон ба забономӯзӣ, сайқал додани заковат, малакаи забондонӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ бояд дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад».

Ба зикри Асомиддин Бобозода, озмун вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020   оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» миёни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва литсею гимназияҳо вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ роҳандозӣ мешавад.

Тибқи низомнома, озмун дар ду бахш — (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида мешавад: «Маҳорати суханварӣ» (бо се забон), «Эссе» (бо се забон), «Қироати шеър» (бо се забон), «Имло» (имлои дурусти калима дар матн) ва «Тарҷума» (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ).

Озмун аз се давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи апрел ба таври зайл гузаронида мешавад:

даври якум — моҳҳои январ -феврал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо;

даври дуюм — моҳи март дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум;

— даври сеюм (шаҳрӣ-асосӣ) — ҳафтаи аввали моҳи апрел бо иштироки ғолибони даври дуюм.

Дар ҳар давр вобаста ба ҳар номина то 3 ғолиб (ҷои якум –1 нафар, маблағи 15 000 сомонӣ, ҷойи дуюм –1 нафар, 10 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм –1 нафар, 5000 сомонӣ) муайян карда шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE