Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсили дусола ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон фиристода мешаванд
16 нафар хизматчиёни давлатии мамлакат дар доираи лоиҳаи маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICE) барои таҳсили дусола ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон фиристода мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8 август дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода бо хизматчиёни давлатӣ-магистрантони тозаинтихоби донишгоҳҳои Ҷопон мулоқот намуд.
Мувофиқи ёддоштҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордод миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон оид ба хизматрасонӣ соли 2022 низ 16 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз он 15 нафар ба магистратура ва 1 нафар ба докторантураи донишгоҳҳои Ҷопон интихоб ва барои таҳсил ба Ҷопон фиристода мешаванд.
Ғолибони бурсияҳои таҳсилӣ-хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар солҳои 2022-2024 аз вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, фарҳанг, энергетика, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ мебошанд.