Дар Қазоқистон машқҳои Низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ баргузор шуданд
Тамрини фармондеҳию ситодии Низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ИДМ «Амнияти минтақавӣ – 2022» дар Қазоқистон баргузор шуд.
Тавре муовини раиси Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ генерал-полковник Юрий Грехов иброз намуд, мавзӯи омӯзиш- омодагӣ ва истифодаи неруҳои (қувваҳои) Низоми ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Қазоқистон ва Русия дар Минтақаи амнияти дастҷамъии Осиёи Марказӣ ва омӯзиши масъалаҳои мушкилоти истифодаи муштараки неруҳо (қувваҳо) буд.
Ёдовар мешавем, ки Низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ (СМ МЗҲ ИДМ) дар асоси созишнома миёни кишварҳои иттиҳод, ки 10 феврали соли 1995 дар Алмаато ба имзо расида буд, таъсис дода шудааст. Ба он Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон шомиланд.