Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат меборад,  иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарби вилоят борон меборад. Дар минтақаҳои алоҳидаи шарқии вилоят бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук,  рӯзона 8+13  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 18+23  дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8  дараҷа гарм,  рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво  қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16  дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11  дараҷа гарм,  рӯзона 15+20  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE