Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ғалаба оғоз гардиданд

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлил намудани ҷашни 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, солҳои 1941-1945 тасдиқ гардид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Раиси шаҳр бо ин қарор масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои  пойтахтро  вазифадор намудааст, ки  иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.

Ёдрас мешавем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе  баргузории  барномаҳои  маърифатӣ-фарҳангӣ  дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин дар арафаи ин ҷашн  чун анъана  ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони ҷанговарони дар он ҳалокгардида  кумаки якдафъаина расонида мешавад. Инчунин ба шахсони дар давраи ин ҷанг дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсони дар давраи ҷанг  дар ақибгоҳ кор карда, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд,  аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе кумаки молиявӣ расонида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон  9 май ҳамчун Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни умумимиллист, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои  ба  даст  овардани  ғалаба  ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуда, дар қаламрави 40 давлати дунё амалиёти ҳарбӣ ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои  шадиду хунин аз кишварҳои  иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон  сафарбар шуда, зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуданд ва миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузарониданд. Дар солҳои  Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941–1945) 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди  Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз  1700 шаҳр  хароб гардид, миллионҳо нафар   бехонаву дар монданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар карда шуда, онҳо бо ҷасорату қавииродагӣ ҷони худро баҳри ҳимояи Ватани бузург нисор намуданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ баҳри ҳифзи  Ватан  ба ҳалокат расидаанд.

Мавриди  ёдоварист, ки 68 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон сазовори унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» гашта, 21 нафарашон  дорандаи ҷоизаи  се дараҷаи ордени «Шараф», ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон  49973 нафарашон ба баталёнҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шудаанд, ки заҳмати  софдилонаи онҳо то имрӯз аз ёдҳо нарафтааст.

Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон се дивизияи хушкигарди Артиши Сурх таъсис дода шуда, бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд, ки дар муҳорибаҳои муҳимтарини Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат кардаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE