Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» тағйирот ворид гардид
Мақсади асосии лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз он иборат аст, ки дар матни қонун калимаҳои «мавзеъҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ» ва «мавзеъҳо» мувофиқан ба «ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва «ҳудудҳо» иваз карда шаванд. Тағйироти мазкур қобили қабул мебошад, зеро мафҳуми «мавзеъ», агар як қитъаи муайянро ифода намояд, пас ифодаи «ҳудудҳо» шакли ҷамъи мавзеъҳоро дар бар мегирад.
Ин матлабро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» 27 апрели соли равон дар ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баён намуд.
-Ҳамчунин дар сархати 20-ум иваз намудани калимаҳои «парма кардани чоҳҳои об ва истифодабарии мақсадноки захираҳои табиӣ» ба калимаҳои «истифодаи махсуси об ва партофтани обҳои истифодашуда ба муҳити зист, парма кардани чоҳҳои об» пешниҳод гардидааст. Пешниҳоди кумита дар бораи ба лоиҳаи қонун ворид намудани ибораи «истифодабарии мақсадноки захираҳои табиӣ» ба назар гирифта шудааст,-изҳор дошт Баҳодур Шерализода .
Зимни баррасии масъалаи мазкур узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сурайё Дӯстмуродзода гуфт, ки «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифхуҷа Шоҳиён ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Қосимӣ ва Сурайё Дӯстмуродзода пешниҳод шудааст. Мақсад аз пешниҳоди он мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», тибқи талаботи моддаҳои 8, 40 ва 83 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад».
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.