Дар шаҳри Душанбе ба бунёди бинои нави Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон санги асос гузошта шуд

 Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими гузоштани санги асос ба бунёди бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар маросим Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон  Мухтор Тлеуберди ва Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор гардидаанд ва соли оянда ҳар ду давлат 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE