Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки таҳти раëсати Файзали Идизода- раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,  баррасӣ ва қабул гардид.

 Ба иттилои ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода  дар ҷаласа ҳамзамон  тағиру иловаҳо ба лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон », «Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» ва  лоиҳаи Консепсияи гузариш ба технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи иҷлосия пешниҳод гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 Лоиҳаҳои қонунҳои мазкурро ба вакилон, масъулини ниҳодҳои дахлдор ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ  доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE