Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Узбекистон аз маконҳои сайёҳии вилояти Суғд дидан менамоянд
5 май бо роҳбарии масъулини Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон намояндагони ширкатҳои сайёҳии ин кишвар вориди вилояти Суғд шуданд. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ«Ховар» хабар дод.
Сафари меҳмонон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи қаблан имзошуда сурат гирифта, ҳадаф аз сафари намояндагони ширкатҳои сайёҳии Узбекистон шиносоӣ бо ҷойҳои истироҳативу маконҳои сайёҳии вилояти Суғд ва таҳкими робитаҳо дар самти рушди сайёҳӣ мебошад.
Зимни сафар, ки рӯзҳои 5, 6 ва 7 май идома меёбад, меҳмонони узбекистонӣ аз бозори «Панҷшанбе», масҷиди марказии «Шайх Маслиҳатддин», осоишгоҳҳои «Шифо», «Баҳористон», Маркази таълимии Бонки миллӣ, Қасри Арбоб, Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», «Қалъаи Муғ», маҷмаии таърихии «Сари мазор», Панҷакенти қадим, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, оромгоҳи Устод Рӯдакӣ, пойгоҳи бостоншиносии «Саразм» ва дигар иншооти сайёҳиву фарҳангӣ ва таърихӣ боздид мекунанд.