«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Ин бегоҳ барномаи фарҳангӣ дар Осорхонаи миллӣ Душанбе ҳаводорони худро интизор аст
18 май, аз соати 18:00 то 23:00 бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон (ОМТ) барномаи анъанавии «Шабе дар Осорхона» баргузор мешавад.
Сардори шуъбаи экскурсионии ОМТ Фаридун Кенҷаев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки барномаи имсола аз солҳои гузашта фарқ дошта, дар он 18 барномаи фарҳангӣ барои гурӯҳҳои тамошобинон, хурдсолон, наврасон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа доир мешавад.
Ба гуфти мавсуф, «иқдоми баргузории барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таъриху фарҳанги мамлакат, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон равона гардидааст».
Ташкилкунандагони барномаҳои фароғатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллӣ мебошанд. Сарпарасти кулли барнома ширкати ватании «СИЁМА» ва сарпарасти расмии иқдомоти мазкур ширкати «МегаФон Тоҷикистон» (ҶСП «ТТ мобайл») мебошанд.
Иштироки тамошобинон дар барномаҳои осорхона ройгон аст.
Бояд гуфт, ки баргузории иқдоми «Шабе дар осорхона» бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Германия оғоз шуда, баъдан соли 1998 дар Франсия, Англия ва Русия доир гардид. Ин иқдом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст баъд аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013 тибқи анъанаи касбӣ баргузор шуд.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб 18 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо икдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» баргузор менамояд. Мақсад аз ташкили чунин иқдом- пешбурди сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхона, муаррифии осори ниёгон, баргузор намудани чорабинии бузурги оммавӣ-маърифатӣ вобаста ба соҳаҳои мухталифи фарҳанг, муаррифӣ намудани осорхона ҳамчун макони таълимӣ-маърифатии муосир ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (International Museum Day) ҷашн гирифта шуда, аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.