Дар Ню-Йорк дурнамои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Барқарорсозӣ ва дурнамои рушди соҳаи сайёҳӣ дар пасманзари ҳамагири «COVID-19» аз масъалаҳое буданд, ки дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили дар Ню-Йорк муҳокима гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукаумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, мусоҳибон инчунин масоили марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки мулоқоти Тоҷиддин Ҷӯразода бо Зураб Пололикашвили дар доираи мубоҳисаи мавзӯии сатҳи баланд, ки зери унвони «Дар маркази таваҷҷуҳ гузоштани соҳаи сайёҳии устувор ва пойдор ҷиҳати барқарорсозии фарогир» дар Ню-Йорк доир шуд, баргузор гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE