Дар Тошканд электробус ва электротроллейбуси «Акиа Авесто»-и Тоҷикистон таваҷҷуҳи ширкатҳои хориҷиро ба худ ҷалб намуданд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ» электробусу электротроллейбуси ширкати «Акиа Авесто»-и Тоҷикистон таваҷҷуҳи ширкатҳои хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Аз ҷумла ширкатҳои ӯзбекистонию қазоқистонӣ хостори ҳамкорӣ дар самти содироти ин навъи нақлиёти Тоҷикистон шуданд ва дар сурати ба мувофиқа расидан ин амали муҳим ояндаи наздик роҳандозӣ мегардад, иттилоъ дод таҳлилгар (маркетолог)-и ширкати «Акиа Авесто Суҳроб ШИРИНОВ зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 26-28 апрели соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 ширкати хориҷӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз кишварҳои ИДМ, Фаронса, Италия, Нидерландия, Ҳиндустон, Ирландия ва Ҷопон ширкат варзиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи бузург 28 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ муаррифӣ намуданд, ки ширкати «Акиа Авесто» аз ҳамин зумра буд. Ширкати мазкур дар ин намоишгоҳ электробус, троллейбус, электротроллейбус ва автобуси тариқи гази табиӣ ҳаракаткунандаи замонавии худро, ки зери тамғаи АКИА-ориё- Made in Tajikistan истеҳсол мешавад, ба намоиш гузошт.
Бояд гуфт истифодаи электромобилҳо на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар аст, балки аз лиҳози экологӣ низ хеле муфид мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки дар самти истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол мекунад.
Суҳроб Ширинов мегӯяд, ки автобусҳои итсеҳсолкардаи «Акиа Авесто»-и Тоҷикистон бо стандарти экологии Аврупоии эвро 5 ва эвро 6 истеҳсол мешаванд, ки яке аз маҳсулотҳои рақобатпазири ҷаҳонист.
Имрӯзҳо ширкат истеҳсоли автобусу троллейбусҳои 12, 9 ва 8-метраи дохилишаҳриро ба роҳ мондааст ва иқтидори истеҳсоли солонааш то 300 нақлиёт вобаста ба талаботи бозор мебошад.
«Автобусҳои ду ошёнаи ширкат, ки дар ду шакл болокушода ва болопӯшида истеҳсол мешаванд, имрӯзҳо дар пойтахти мамлакат ба хизматрасонӣ машғуланд ва таваҷҷуҳи меҳмонону сокинонро бештар ҷалб мекунад. Ҳамин ҷолиябиятро ширкатҳои хориҷӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ низ таъкид намуда, омодаи ҳамкориянд», — гуфт таҳлилгари ширкати «Акиа Авесто»-и Тоҷикистон.