Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Чехия
24 майи соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Тошканд) Ватслав Йилекро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехияро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёси ва гуманитарӣ баррасӣ карда, атрофи шарокати ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.