СУРАТ-ДАЛЕЛ. Имрӯз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

 Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) интихоботро баргузоршуда арзёбӣ намуд.  Бино ба маълумоти КМИР, то соати 15:00 дар саросари мамлакат З миллиону 495 ҳазору 215 нафар ё 70,71% интихобкунандагон дар интихобот иштирок карданд. Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.

Натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 24 соат пас аз ба анҷом расидани маъракаи овоздиҳӣ, натиҷаҳои ниҳоӣ бошанд – на дертар аз ду ҳафта баъди интихобот эълон карда мешаванд.

БОЗНАШР АЗ СОМОНАИ “АМИТ” ХОВАР

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE