Дар шаҳри Душанбе беш аз 22 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд
Дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста ба шакли моликият 22 ҳазору 805 ҷойи корӣ таъсис ва барқарор шуд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида (1319) 6 фоиз бештар аст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода иттилоъ дода.
Ба гуфтаи Ҷамшед Табарзода, дар давраи ҳисоботӣ тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 5810 нафар шаҳрванди бекор, ки аз ин шумора 3066 нафарашро занҳо ташкил медиҳанд, бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақша чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4284 чорабинии гуногун, бахусус дар самти бунёди иншооти иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 13 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.