Шуъбаи бемории дили Беморхонаи маркази ноҳияи Рӯдакӣ пас аз таъмир ба истифода дода шуд
26 январи соли равон шӯъбаи бемории дили Беморхонаи маркази ноҳияи Рӯдакӣ пас аз таъмири пурра мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар маросими он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур иштирок намуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати тандурустӣ хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, шӯъбаи мазкур бо сатҳу сифати баланд аз таъмир бароварда шуда, он дорои 12 кат мебошад.
Аз кормандони соҳа даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароиту имконоти мусоиди фароҳамгардида баҳри боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз пештара бештар кӯшишу талоши хешро равона созанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ баҳри ташхису табобати шаҳрвандон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.