Пагоҳ дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Пагоҳ, 13 май дар шаҳри  Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа иштироки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, инчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар назар аст.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор сурат гирад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҷиҳати иштирок дар ҷаласа шоми дирӯз вориди Душанбе шуд.

Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми асосии иҷроияи ИДМ мебошад. Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар асоси қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти сиёсати хориҷии давлатҳои аъзо, аз ҷумла фаъолияти онҳоро дар созмонҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE