Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Осиё соҳиби медалҳои тилло ва биринҷӣ шуданд
Варзишгарони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон, ки 12-15 май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби ду медал — як тилло ва як биринҷӣ гардиданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро миёни наврасон Фотимахон Гадоева (-52кг), Ҷасур Лутфишоев (-55кг), Худодод Шанбиев (-60кг), Ҷаъфари Ҷаъфар ва Мусо Саъдуллоев (ҳар ду -66кг) муаррифӣ карданд. Мутаассифона, мусобиқаи мазкур барои варзишгарони навраси тоҷик бо нокомӣ – бидуни медал анҷом ёфт.
Дар сабқатҳо миёни ҷавонон Тоҷикистонро 8 нафар: Саидашраф Лоиқов, Абуҳанифа Қурбонбозор, Абубакр Шеров (ҳар се -66кг), Ҳоҷибек Мухторов (-73кг), Сунатулло Лоиқов, Мизробшо Лоиқов (ҳар ду -81кг), Муҳсин Малаев (-90кг) ва Парвиз Абдураҳмонов (-100кг) намояндагӣ карданд.
Аз миёни онҳо Абубакр Шеров ба гирифтани медали тилло ва Парвиз Абдураҳмонов ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд. Абубакр Шеров (-66кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари мизбон Бекзод Каиргалиев пирӯз шуда, дар даври сеюм бар варзишгари дигари мизбон Куралбек Саталиев ғалаба кард. Дар даври чорякфинал Абубакр муқобили паҳлавони Узбекистон Муҳриддин Ғиёсов қарор гирифта, пирӯз шуд. Ӯ сипас дар нимфинал бар Нурдавлат Базиржани қазоқ ва дар финал бар Азизбек Ортиқови узбекистонӣ дастболо шуда, ғолиби мусобиқа гардид.
Парвиз Абдураҳмонов (-100кг) дар даври якум бар Динассил Таттимбеки қазоқ ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари Узбекистон Муҳаммадқодир Мансуров шикаст хӯрд. Сипас, дар даври тасаллобахш Темирлан Кайролда ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Габдулманап Ерассилро (ҳар ду варзишгари мизбон) шикаст дода, барандаи медали биринҷӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон 473 варзишгар аз 6 давлат ширкат карданд.