Тоҷикистон ва Миср имконияти ба роҳ мондани ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро баррасӣ намуданд

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Арабии Мисрро, ки бо мақсади шиносоӣ бо имконияти сармоягузории кишвар, дарёфти коршарикон ва роҳандозии фаъолияти муштарак ба Тоҷикистон омадаанд, 13 май ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишвар бо дарназардошти зарфияти фаровони мутақобила табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 10 марти соли равон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқотро иқдоми муҳим дар самти рушду таҳкими ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср арзёбӣ намуда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Миср имконияти фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 90 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар робита ба ин аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Арабии Миср даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҷонибҳо судманд ва таъсис додани ширкатҳои муштараки Тоҷикистон ва Миср дар самтҳои гуногун ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE