Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол – 2022” ҷамъбаст мегардад

Рӯзи 15 декабри соли 2022, соати 10.00 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол – 2022” баргузор мегардад. Дар ин бора ба радиои “Садои Душанбе” аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.

Озмун аз рӯи шаш номинатсия: назм, наср, публисистӣ, назми бачагона, насри бачагона ва тарҷумаи бадеӣ доир гардида, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE