Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
16 майи соли ҷорӣ, соати 18:30 саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Улфатхоним Мамадшоева ва шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Алим Шерзамонов дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Соати 20:40-и ҳамон рӯз бо супориши Мамадбоқир Мамадбоқиров як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии сокини 29-солаи маҳаллаи Ш.Шоҳтемури шаҳри Хоруғ Замир Назришоев ба хизматчиёни Раёсати ВКД дар ВМКБ, ки дар бинои Суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро таркониданд.
Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии номбурдагон муовини аввали Сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Ғайратшо Муборакшозода, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД, капитан Шуҳрат Қамишев ва командири взводи таъйиноти махсуси Қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД, лейтенанти калон Абубакр Файзуллозода ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд.
Ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи мусаллаҳона З. Назришоев захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид.
Дар ҷараёни амалиёт маводи махсуси зиддигирдиҳамоӣ истифода карда шуд.
Барои муайян кардани дигар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона иштирок карданд, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Нисбат ба саркардагони ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.