Ҳамоиш бахшида ба ёдбуди шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ

Дирӯз дар шаҳри Ваҳдат ба ифтихори Шоири халқии Тоҷикистон,барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устоди зиндаёд Мирзо Файзалӣ маҳфили адабӣ доир гардид. Ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода, ки дар ин ҳамиош иштирок дошт иброз дошт, ки дар он намояндагон аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,мақомоти маҳал,пайвандон ва дӯстдорони каломи шоир ширкат намуданд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим зимни баромадаш аз эҷоди шоир ёдоварӣ намуда, саҳми ӯро дар адабиёти навин аз ҷумла нақизанависӣ барчаста маънидод кард.

Зимни баромади худ нотиқон саҳми шоирро дар рушди шеъри тоҷик аз ҷумла дар риштаи ҳаҷв барҷаста арзёбӣ карданд.

Ба иттилои ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода ҳамзамон дар ин рӯз китоби шоир Мирзо Файзалӣ таҳти унвони “Зиндаам бо ту ,Ватан” бо дастгирии раиси шаҳри Вахдат Мирзо Исмоилзода пешниходи ихлосмандони ашъори ноби ӯ гардонида шуд.

Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби санъаткороне,ки ба шеърҳои шоир оҳанг бастаанд,манзури ҳозирин гардонида шуд.

Муаллиф: Тоҷиддин Сатторзода

 

 

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE