Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти роҳбарони маъмурияти сайёҳии кишварҳои СҲШ дар Тошканд иштирок намуд
Дар шаҳри Тошканд вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ доир гардид, ки дар он Тоҷикистонро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода намояндагӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Интизор меравад, ки дар нишаст роҳбарони соҳаи сайёҳии давлатҳои узви СҲШ тарҳи созишномаи байни ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ-ро оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонанд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар давраи пас аз пандемия, ташаккул ва пешбурди бренди ягонаи сайёҳии СҲШ-ро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин дар бораи таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва оптимизатсияи хатсайрҳои мавҷуда аз нигоҳи сайёҳии бехатар, тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба дар рушди инфрасохтори гардишгарӣ мувофиқа ҳосил шуд.
Дар ҳошияи вохӯрӣ Форуми байналмилали сайёҳӣ дар мавзӯи «Марҳилаи нави ҳамкории давлатҳои узви СҲШ: сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур яке аз платформаҳои муҳим барои таҳкими ҳамкорӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар маҳсуб мешавад.
Соли 2021 чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.