«Хизмати Ватан-Модар қарзи имонӣ ва ҷавонмардии ҳар яки мо аст!»,- бардошт аз гусели наваскарон дар Файзобод
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод маъракаи гусели наваскарон ба сафи Пртиши миллӣ доир гардид, ки зимни он падару модарон, фаъолону собиқадорони ноҳия фарзандони бонангу номуси хешро ба хизмати Ватан — Модар гусел намуданд. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳии Файзобод ба хабарнигори АМИТ минтақавии «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Ҷалби наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми чанд соли охир ба маъракаи хотирмон табдил ёфтааст. Бо беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ аксар ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои саҳмгузорӣ дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ омодагӣ нишон медиҳанд. Падару модарон бо ифтихор аз писарони худ барои иҷрои сарбаландонаи ин қарзи фарзандӣ ба аскарони ҷавон дуои хайр доданд.