Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи АМА (U20) вохӯрии дӯстона мегузаронад
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев моҳи июн дар Душанбе ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Рӯзҳои 2-юм ва 4-уми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе миёни дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои дӯстона баргузор мешаванд. Ин вохӯриҳо соати 20:00 оғоз мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I» баромад мекунад. Дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур ҳарифони ҷавонони мо мебошанд. Даври интихобӣ аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Вохӯриҳои рафиқона
2 июн (панҷшанбе)
Оғоз — соати 20:00
ТОҶИКИСТОН (U-20) – АМА (U-20)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
4 июн (шанбе)
Оғоз — соати 20:00
ТОҶИКИСТОН (U-20) – АМА (U-20)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ