Форуми сайёҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

Дар шаҳри Макка бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Арабистони Саудӣ Форуми сайёҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Дар форуми мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, шахсони расмии Арабистони Саудӣ, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ширкат варзиданд.
Дар ҳошияи ҳамоиш шаш қарордоди ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид.
WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE