Пагоҳ «Истиқлол» бозии охирини худро бо дастаи «Шарҷа» доир мекунад

Пагоҳ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе-чемпиони Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар гурӯҳи «А» бо дастаи футболи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат мекунад.

Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 панҷумин бозиашро анҷом дод. Дастаи Виталий Левченко дар даври панҷум бо дастаи футболи «Ал-Райян»-и Қатар қувва санҷида, дар лаҳзаҳои охирини рақобат бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардид.

Хотиррасон мешавем, ки шаби 19 ба 20 апрел чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 бо пешсафи гурӯҳи «А»- дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, рақобат карда, бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардид ва имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод. Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи бозиҳои даври сеюми гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардида буд.

Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:1 мағлуб гардида буд. Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ ба нишон расонид. Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес дар дақиқаи 54 ва Бернард Анисио дар дақиқаи 57 ба ҳадаф расониданд.

Чанд рӯз пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расониданд.

Пас аз панҷ бозии пайи ҳам дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ягон имтиёз ба даст наоварда, дар зинаи охири ҷадвал қарор гирифтааст. Дастаҳои футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва «Ал-Райян»-и Қатар новобаста аз як даври боқимонда аллакай аз гурӯҳи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе соҳиби роҳхати марҳилаи плей-офф шуданд.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе то кунун дар ҳисоби хеш ягон имтиёз надорад ва имконияти аз гурӯҳ баромаданро аз даст додааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE