Душанбе: Мӯҳргузории нишонаҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими мӯҳргузории нишонаҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба 20-солагии таъсиси ин созмон баргузор гардид.
Маросими мазкур дар ҳошияи 20-солагии ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон Тоҷикистон раёсати онро бар зимма дорад, доир гардида, дар он иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай Аҳмад Саидмуродзода, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва давлатҳои узви СҲШ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки 8 сентябр дар маросими бошукӯҳи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз муассисони ин созмони бонуфуз мебошанд, аз ҷумла зикр карданд, ки ин созмон 20 сол пеш барои ҳифзи амнияти кишварҳои минтақа таъсис ёфта буд. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи 20-солагии СҲШ Ҳукумати мамлакат супориш дод, ки мӯҳр ва нишони ҷашнии ин ҷаласаи бонуфуз омода карда шавад.
Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Марка»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ин супориш якчанд намунаи мӯҳрҳоро омода ва барои тасдиқ пешниҳод намуд. Мӯҳрҳои хотиравӣ дар варақаи хурд чоп шуда, аз 8 марка иборатанд. Ҳар як марка ба кишвари узви СҲШ бахшида шуда, дар он тасвири парчамҳои ин кишварҳо гузошта шудааст. Ҳамчунин дар боло рамзи 20-умин солгарди таъсиси кишварҳои узви СҲШ ҷойгир аст. Дар баробари ин, барои ин ҷашнвора 8 намуд лифофаҳои махсуси солона омода карда шудаанд. Дар болои лифофаҳо ҷойҳои таърихии ин давлатҳо тасвир шудаанд.
Дар саммити СҲШ якчанд ташаббусҳои анъанавӣ муаррифӣ мешаванд, ки яке аз онҳо қабули суруди СҲШ мебошад. Интизор меравад, ки он 17 сентябр пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ дар Маҷмааи «Кохи Наврӯз» дар ҳузури cайати роҳбарони узв садо диҳад.
Ёдовар мешавем, ки 17 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-солагии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати онро бар зимма дорад, баргузор мешавад.