Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафирони кишварҳои аъзои СММ мулоқот намуд

Нимаи дуюми имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафирони кишварҳои аъзои СММ, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Душанбе қарор доранд,  мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот таъкид шуд, ки Конфронси Душанбе, ки дар асоси қатъномаи якдилона қабулнамудаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи об сурат мегирад, ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои тадорукотии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба Конфронси СММ -2023 саҳми муассир мегузорад.

Тоҷикистон ҳамчун ҳамраиси ин конфронси бонуфуз бо кишварҳои узв, низоми СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.

Дар робита ба тағйирёбии иқлим ва дигаргун гаштани табиат аз ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун узви гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим, ки дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди он пешниҳод намуданд соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад, ёдрас карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE