Қоҳир Расулзода ва Алиакбар Меҳробиён густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ карданд

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Густариши ҳамкории барои ҷонибҳо судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, бо талошҳои муштарак заминаи ҳуқуқии робитаи дуҷониба дар арсаҳои гуногун ташаккул ёфта, тақрибан 200 санадро дар бар мегирад.

Байни ин ду кишвари дӯст ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, саноат, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар самтҳо ба роҳ монда шудааст.

Татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 низ метавонад ба тавсеаи беш аз пеши ин ҳамкорӣ ба таври муассир  мусоидат кунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE