Ҷаҳон омад ба Истиқбол, табрик

Расо 30 сол муқаддам дар таърихи миллати тоҷик муҳимтарин руйдод – эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вуқуъ пайваст. Бинобар пароканда гаштани Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои узви ин иттиҳод, аз ҷумла, Тоҷикистон ҳам мустақилияти худро эълон доштанд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави мустақил бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард, ки дорои миллат, забон, парчам ва суруди миллист. Инак, аз он санаи таърихӣ 30 сол сипарӣ гардид.

30 соли Истиқлол, 30 соли тақдирсози таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, низоми идоракунӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, 30 соли пойдор гардидани асосҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷикон, 30 соли рушди бесобиқаи парламентаризми навини тоҷикон, 30 соли пешрафтҳои бемайлон дар тамоми самтҳои ҷомеаи Тоҷикистон, 30 соли азму талошҳо ба хотири расидани ҳар як ҳамватан ба зиндагии шоиста, 30 соли дастовардҳои беназир дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, 30 соли тавсеаи муносибатҳои дипломатӣ бо аксарияти мамлакатҳои олам, 30 соли болоравии обрӯи байналмилалии Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои глобалие, ки аҳамияти умумибашарӣ доранд, 30 соли таквияти ҳамкорихои судманди ҳамаҷониба бо кишварҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалист.

Расо, 30 сол муқаддам, 9-уми сентябри соли 1991-ум, мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил карданд. Ин сана дар сафҳаи таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гаштааст. Аз он дам то ба имрӯз, ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ҳисоб меёбад. Дар тӯли таърих миллати мо шебу фарозҳо ва озмоишҳои сахту сангинро аз сар гузаронд. Аммо, дар ҳама давру замонҳо фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ дошт.

Таърих гувоҳ аст, ки ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи тоҷик Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқболи баланди мардуми тоҷик арзёбӣ мегардад. Миллати тоҷик пуштибони худро пайдо кард.Тоҷикони парешонгаштаро ба ҳам овард. Давлатдории навинро бо азми дурусту саъйи комил бунёд сохт. Ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.

Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Солҳ талошу заҳмати пайгиронаи сарвари оқилу дурандеш, фарзанди хирадманди миллати тоҷик дар роҳи боҳамойиву ваҳдати сартосарии тоҷикону Тоҷикистониён сипарӣ шуд. Ҳазорон тоҷики фирориро Сарвари давлат ба Ватан баргардонд. Миллат ба Ваҳдат омад. Сано ба Пешвои хеш мехонем, ки ба миллати тоҷик сулҳ оварду ободӣ. Дар ҳавои ваҳдату ҳамдилӣ зистан тоҷикро дар арсаи ҷаҳони  сарбаланд намуд.

Даврони Истиқлол барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди тоҷик роҳҳои расидан ба Истиқлоли сиёсӣ, иқтисоди ва фарҳангиро омӯзонида меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, олитарин дараҷаи бахту саодати миллатро таъмин намуд. Истиқлол нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳониён пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ифтихор аз соҳибдавлатии хеш доранд. Маҳз бо шарофати мустақилият мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидаем. Соҳибдавлатӣ бахти бузургу тобанда аст. Хуршеди оламгир дар самои тоҷик партавафшонӣ дорад.

30 – соли Истиқлол – 30 соли рушди низоми нави иқтисоди миллӣ чун пойдевори зиндагии шоистаи мардум, 30 соли вусъати ободгариҳо ва бунёдгузории иншооту корхонаҳои ҳаётан муҳими кишвар, 30 соли эҳё, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои бузурги фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, 30 соли татбиқи босуръати 4 ҳадафи тақдирсози стратегии сиёсати давлатӣ ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Ватани мо – Тоҷикистон дар ҳавои сулҳу озод қадам ба қадам пеш рафт, обод гашт.

Дар 30-соли истиқлол муносибатҳои дипломатию ҳамкориҳои судманди ҳамаҷониба бо кишварҳои олам тавсеа ёфт, обрӯи байналмилалии Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои  аҳамияти умумибашаридоштаи Пешвои муаззами миллат боло рафт. Ифтихор аз чунин Пешвои хирадманду кишвари дунёписанд рисолати инсонии  ҳар як ҳамватани сарбаланди мост! 30 соли Истиқлол ҳамчун 30 соли дастовардҳои беназири мардум дар тамоми самтҳои зиндагонӣ ва 30 соли азму талошҳои Пешвои муаззами миллат бо мақсади ба кишварҳои мутараққии дунё ҳамқадам гардонидани Тоҷикистон ба ҳар як ватандор муборак!

Ҷаҳон омад ба Истиқбол, табрик!

Бақоят то ҳазорон сол табрик!

Ҳайати эҷодиву техникии

шабакаи “Садои Душанбе” – и

Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE