Бори аввал дар Тоҷикистон «Симфонияи нуҳум»-и Бетховен садо медиҳад
24 июн дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бори аввал «Симфонияи нуҳум»-и Бетховен иҷро мегардад, иттилоъ додан ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар барнома профессори Консерваторияи Милан ба номи Дж. Верди, роҳбари бадеии театр Делфо Меникуччи, овозхонон — Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сайфулло Юсупов, Шарофат Усмонзода, Анжелика Тиман, Манучеҳр Раҳмонзода ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Елена Тиллоева ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки Людвиг ван Бетховен — бастакори олмонӣ, пианинонавоз ва дирижёр машҳур мебошад. «Симфонияи нуҳум»-ро соли 1824 иҷро намудааст. Дар эҷодиёти ӯ 240 композитсия мавҷуд аст, ки дар байни онҳо — нӯҳ симфонияи мукаммал, панҷ консерти фортепиано ва 18 квартети торӣ мебошад.