Толибон ният доранд пойтахти Афғонистонро аз Кобул ба Қандаҳор кӯчонанд

Толибон тасмим гирифтанд, ки пойтахти Афғонистонро аз Кобул ба Қандаҳор кӯчонанд. Дар ин бора Амрулло Солеҳ, муовини собиқи президенти ин кишвар изҳор дошт, хабар медиҳад ТАСС.
“Толибон мехоҳанд пойтахти Афғонистонро бидуни огоҳии пешакӣ ба Қандаҳор интиқол диҳанд” гуфт Солеҳ.
Ба гуфтаи вай, аъзои ин гурӯҳи тундрав бо ин роҳ мехоҳанд Кобулро ба як пойтахти маъмурӣ табдил дода, онро аз танишҳои сиёсӣ ва эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар канор бигузоранд. Солеҳ ҳамчунин гуфт, Толибон қасд доранд дар Қандаҳор Шӯрои олии уламо таъсис диҳанд, ки пас аз марги раҳбари ин гурӯҳ Ҳибатуллоҳ Охундзода салоҳияти таъйини раҳбари нави ҷунбишро дорад. Шуро инчунин намояндаҳои худро ба музофотхои мамлакат мефиристад, ки дар он ҷо макомҳои олии сиёсй ва диниро намояндагй кунанд.
WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE