Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баъди навсозӣ мавриди истифода қарор мегирад

То ҷашни 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор «Ҷавонон» пурра аз таъмир бароварда шуда, дар он барномаи калони фарҳангӣ бахшида ба 25 –умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, то имрӯз корҳои асосии таъмир дар варзишгоҳ ва толору утоқҳои мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокиров, ки дар ҳудуди варзишгоҳ ҷойгир аст, қисман ба анҷом расидаанд. Айни замон сохтмончиён ба ороиши шифту деворҳои дохил ва намои беруна, рангубори дару тиреза ва панҷараҳои оҳанин машғул мебошанд.

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар зимни боздид аз ин иншоот бо ҷараёни корҳои навсозии варзишгоҳ шинос гардида, ба масъулин ва сохтмончиён барои босифат ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани корҳои таъмиру таҷдид дастур дод.

Масъулон тасмим гирифтаанд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъмири варзишгоҳро, ки барои баргузор намудани чорабиниҳои пуршукӯҳи оммавӣ макони муносиб аст, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонанд ва ба ҷавонону сокинони шаҳр чун армуғони идона туҳфа намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Варзишгоҳи марказии Ҳисор соли 2015 сохта ба истифода дода шуда, яке аз варзишгоҳҳои бузург дар ҷумҳурӣ мебошад, ки имкони ҷой додани 20 ҳазор нафарро дорад. Дар он мусобиқаҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла футбол гузаронида мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE