Дар Муъминобод лагери беруназшаҳрии «Шарора» аз нав фаъол мешавад
Баъд аз таваққуфи дусола лагери беруназшаҳрии «Шарора», воқеъ дар ноҳияи Муъминобод, ки ба шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб тааллуқ дорад, аз нав ба фаъолият шурўъ мекунад. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Лагери беруназшаҳрии «Шарора» дар яке аз мавзеъҳои хушманзараи ноҳияи Муъминобод ҷойгир буда, ҳамасола дар таътили тобистона дар ин макони истироҳатӣ даҳҳо нафар мактаббачагон ба фароғат фаро гирифта мешаванд.
Бояд гуфт, ки лагери мазкур бо сабабҳои гуногун аз фаъолият боз монда буд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба дастури роҳбарияти олии кишвар барои таъмиру тармим ва аз нав фаъол намудани он чораандешӣ намудааст.
Ба иттилои раёсати молияи шаҳр, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои таъмир аз ҳисоби буҷа маблағи 219 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
Ҳоло таъмири аксар иншооти лагер анҷом ёфта, рўзҳои наздик корҳои рангуборкунӣ низ ба итмом мерасад.
Тавре намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Маҳмадулло Шарифов иттилоъ дод, дар лагери мазкур дар як баст 130 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Барои онҳо се вақт хӯрок, ҷои хоб, сайругашт дар мавзеъҳои таърихӣ, машғулиятҳои компютерӣ, бозиҳои варзишӣ, аз қабили футболу волейбол, баскетболу тенниси рӯи миз ва дигар шароитҳо фароҳам оварда мешавад.
Дар таътили тобистона имкони ташкили се баст даст медиҳад, ки шумораи истироҳаткунандагон ба 400 нафар мерасад. Имсол шуъбаи маориф тасмим дорад, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва иттифоқҳои касаба дар лагери шарора хонадагонро дар се баст ба истироҳат фаро гирад.