Хатнасури хайриявии 1079 тифл ва тӯйи домодию арӯсии 167 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоат ташкил гардид

“Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ хатнасури хайриявии 1079 тифл ва тӯйи домодию арӯсии 167 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиëҷманд ба тариқи дастаҷамьона гузаронида шуд”-изҳор дошт имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи дин, танзими аньана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода. Ҷалби шаҳрвандон ба ҳаҷ, вазъи қабристонҳо, иҷроиши амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими аньана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  аз мавзуоти аслии мавриди назар дар нишасти хабарии Кумитаи динро ташкил медоданд.

Сатторзода Тоҷиддин

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE