Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Директори Хазинаи байналмилалии асъор Субир Лал мулоқот намуд
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Директори Хазинаи байналмилалии асъор Субир Лал мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаи таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ, нақшаву дурнамои марбут ба рушди оянда ва кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, саноат, энергетика, тандурустӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
Таъкид шуд, ки дар заминаи татбиқи ислоҳот, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи байналмилалии асъор солҳои охир фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар гашта, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва бо ин васила рушди соҳаҳои афзалиятнок шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҷонибҳо аз вусъати ҳамкорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволиро аз ҳадафҳои аввалиндараҷа баён намуданд.