Тафсилоти заминларзаи шадид дар Афғонистон: хисорот ва қурбониҳо

СММ аз ҳодисаи табиии рузи гузашта, ки дар Афғонистон рух дода, боиси марги ҳазорон нафар гардидадааст, изҳори нигаронӣ намуда, ҳамчунин ваъдаи расонидани кумакро низ кардааст. Дар ҳамин ҳол роҳбарияти як қатор кишварҳо низ бо изҳори ҳамдардӣ ба мардуми мотамзадаи афғон омодагии худро барои расонидани ёрии зарурӣ эълон доштаанд. Бино ба хабарҳои охирин шумораи ҳалокшудагон дар натиҷаи заминларзаи шадиди рузи гузашта дар Афғонистон аз ҳазор нафар бештар шудааст. Хабар дода мешавад, ки дар паи ин офати табиӣ наздики 1500 нафари дигар ҷароҳанҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз ин пештар шабакаи ББС гузориш дар хусуси ҳалокати 920 нафар ва захмӣ шудани 800 нафарро дода буд. Зимнан ҳамоҳангсоз оид ба корҳои башардустонаи СММ ва ҳамчунин муовини намояндаи махсуси СММ дар Афғонистон Рамиз Алиакбаров, изҳор доштааст, ки наздик ба 2 ҳазор хона бар асари зилзилаи рӯзи гузашта дар Афғонистон вайрон шудааст. Ба гуфтаи номбурда, эҳтимол шумораи қурбониёни ин зилзила зиёдтар бошад. Алиакбаров афзудааст, ки СММ таҷҳизоти махсус барои берун овардани афрод аз зери вайронаҳоро надорад ва ин корро Толибон мекунанд, аммо ба гуфтааш, онҳо ҳам дар ин бахш бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ ҳастанд. Ӯ афзуд, ки ҳукумати Толибон ба минтақаи зилзилазада 50 мошини ёрии таъҷилӣ ва 4 ё 5 чархбол фиристода, ваъдаи кӯмаки пулӣ ҳам кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Хозинаи кӯдакони СММ эълон доштааст, ки дар пайи зилзилаи маргбор, ҳазорон кӯдак ба хатар рӯбарӯ ҳастанд.Бар асоси омори расмӣ, бар асари зилзила 6,1 бала дар вилоятҳои Пактико, Хуст ва Нангарҳор на кам аз 1000 тан ҷон бохтанд ва ҳудуди 1500 тан захмӣ шуданд. Дар робита ба ин СММ таъкид доштааст, ки ба минтақаҳои зилзилазада маводи ғизоӣ ва хайма мерасонад. Ба гуфтаи намояндаи ин созмон дар афғоонистон, айни ҳол мардум фавран ба дору, сарпаноҳ, маводи хӯрокворӣ ниёз доранд. Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон изҳори омодагӣ намудааст, ки ба мардуми мотамзадаи Афғонистон кумаки ҳамаҷониба хоҳанд расонд. Ӯзбекистон дар робита ба заминҷунбии мудҳиш дар Афғонистон, ки талафоти зиёди ҷонӣ дар пай дошт, ба мардуми ин сарзамин изҳори ҳамдардӣ кардааст. Дар номаи ҳамдардӣ, ки дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи ин кишвар онро нашр намудааст, омадааст: “мо ба наздикони ҳалокшудагон таслияти самимии худро изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно дорем” Дар идома зикр шудааст, ки ҳукумати Ӯзбекистон омодааст ба мардуми бародари Афғонистон барои рафъи оқибатҳои фоҷиаи табиӣ ҳарчӣ зудтар кумак расонад. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷаи Русия изҳор доштааст, ки Маскав омодаи кумак ба Афғонистон барои рафъи оқибатҳои заминларза аст. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кардааст, ки дар сурати муроҷиати мақомоти Афғонистон, Маскав омодааст ба Кобул кумаки зарурӣ расонад. Вазорати хориҷаи Русия низ ба мардуми Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол хабар дода шудааст, ки роҳбари нав дар Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалии башардӯстона хостааст, ки ба мардуми осебдидаи ин кишвар кумак кунанд. Ҳибатуллоҳ Охунзода, роҳбари толибҳо дар пасманзари заминларзаи пурқурбонӣ дар Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кардааст.Охундзода бо нашри як муроҷиатнома аз ҷумла аз созмонҳои байналмилалии башардӯстона хостааст, дар ин фоҷиа канори мардуми Афғонистон бошанд.

                                                                                   Раҳмонзода Мижгон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE