Афзоиши хушунатҳо дар Малӣ

Бар асари ҳамлаҳо дар маркази Мали 132 ғайринизомӣ ба ҳалокат расиданд,-хабар додааст агентиии иттилоотии Регнум.  Гуфта мешавад, ки дар паси ин ҳамлаҳо гурӯҳи тундрави “Катиба Масина” қарор дорад. Ҳукумати муваққати Малӣ ҳамла ба мардуми осоиштаро шадидан маҳкум карда ваъда додааст, ки барои боздошти омилони ин ҳамла чораҳои зарурӣ меандешад. Моҳи марти соли 2012 дар Мали табаддулоти низомӣ рух дод. Моҳи майи соли 2015 Ҳукумат ва як қатор сохторҳои мусаллаҳи шимоли ин кишвар дар бораи сулҳу оштӣ созишномаи муқаддамотӣ бастанд ва пас аз як моҳ ин санад ниҳоят ба имзо расид. Бо вуҷуди ин, дар солҳои ахир дар шимоли Малӣ даргириҳои мусаллаҳона зуд-зуд ба вуқӯъ мепайвандад ва афзоиши хушунатҳо дар манотиқи марказӣ ва ҷанубии ин кишвар низ сабт шудааст.

Баҳруллои Маҳмадшариф

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE