Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ оғоз гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил прокуророни генералии Иттиҳод масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкории мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ намоянд.

Прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе, аз ҷумла Маҷмааи меъмории Исмоили Сомонӣ ва «Истиқлол»-ро тамошо менамоянд.

Ҳамзамон дар барномаи консертии ҷашнӣ, ки ба муносибати 30-солагии таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок мекунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE