Мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Тзси ШуМин

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзси ШуМин мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин мавриди музокирот қарор дода шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оғози суҳбат Тзси ШуМинро бо оғози фаъолияти намояндагӣ дар Тоҷикистон шодбош гуфта, бо итминон иброз доштанд, бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии ду кишвари ҳамсоя дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Чин ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд.
Тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун бахусус амалисозии лоиҳаҳои сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе хеле васеъ ба роҳ монда шудаанд.
Иштирокчиёни мулоқот ҳавасмандии хешро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкориҳо миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, гуманитарӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таъкид намуданд.
Ба сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат дар расонидани кумаки моддии Ҳукумати Чин дар шакли ваксинаҳои зидди короновирус дар давраи паҳншавии ин бемории сироятӣ ва техникаҳои коммуналии замонавӣ изҳори сипос карда шуд.
Дар рафти музокирот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ гардид. Мулоқот ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE