Дар Душанбе ҳамоиши минтақавии иттифоқҳои касаба доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ҳамоиш миёни Кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаи тандурустии Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ташкил ва баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш Раиси ФИКМТ Маликшо Неъматзода доир ба фаъолияти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Роҳбарони ҳайатҳо маърӯзаҳо карда, оид ба фаъолияти иттифоқҳои касабаи соҳавӣ дар кишварҳояшон маълумоти муфид ҷиҳати табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ пешниҳод намуданд.
Бо дарназардошти мувофиқаҳои бадастомада байни Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва кумитаҳои иттифоқҳои касабаи тандурустии Русия ва Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.