Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи давлатии «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар мавзуи «Сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм» машварати методӣ баргузор шуд.    

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи ҳисоб хабар медиҳад, профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Сафарзода  оид ба санадҳои қонунгузорӣ дар самти экстремизм ва терроризм, фаъолият ва номгӯйи созмонҳои даҳшатафкан, ки мақсадашон ба вуҷуд овардани нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад, маъруза намуд.

Иброз гардид, ки имрӯз сокинони мамлакатро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон баранд, фаъолию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи амнияти миллӣ саъю талош намоянд.

Дар машварат гуфта шуд, ки барои пешгирию бартараф намудани сабабу шароит ва омилҳои ба экстремизм ва терроризм  мусоидаткунанда дар Палатаи ҳисоб мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешаванд.

Бо иқтибос аз суханҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳонӣ, нооромию низоъҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам моро водор месозанд, ки  барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешрафти устувори  иқтисодиёт ва расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасу мақсаднок андешем.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE