Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд

Барои расонидани ёрии босифати тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» беморхонаҳои марказии шаҳри Норак, ноҳияи Данғара, Балҷувон ва Ховалинг 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилии бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, тақдим карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  иттилоъ доданд,  маросими расмии супоридани нақлиётҳои мазкур 5 июл дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шарикон оид ба рушд баргузор гашт.

Гуфта шуд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хосатан ёрии аввалияи тиббӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақлиёти ёрии таъҷилии тамғаи Мерседес Бенс Спринтер ва Тойота Ланд Крузер тақдим карда шуд.


Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи тандурустиро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохтааст.

Тақдими нақлиётҳои ёрии таъҷилии мазкур низ идомаи тадбирандешиҳои муҳиму саривақтии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ ба шумор меравад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE